05-уми декабри соли 2026, соати 10.00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-134 назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур (734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 146, маҷлисгоҳ, 114) ҳимояи диссертатсияи Саидмуродова Малика Абдуваҳобовна дар мавзуи “Ташаккул ва рушди бехатарии озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити диверсификатсияи иқтисодиёти миллӣ” (назария, методология ва амалия) барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 5.2.6. Иқтисодиёти соҳаи кишоварзӣ баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат тавассути сомонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 146 шинос шудан мумкин аст.

