14-уми ноябри соли 2026, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-117 назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Муҳаммадиев 17/6, толори шурои олимон) ҳимояи диссертатсияи Набизода Азиза Абдунабӣ дар мавзуи «Таҳлили сохториву маъноии истилоҳоти гистология дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 6.2.14. Забоншиносии типологӣ ва муқобилавӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДБЗХТ ба номи С. Улуғзода ва дар китобхонаи илмии ДБЗХТ ба номи С. Улуғзода бо нишонии 734019, ноҳияи Сино, кӯчаи Муҳаммадиев 17/6 шинос шудан мумкин аст.

