21- уми ноябри соли 2026, соати 09:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-048 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ, 67) ҳимояи диссертатсияи Ятимов Ҳомид Тоҳирович дар мавзуи «Асосҳои методии рушди салоҳиятҳои амнияти иттилоотии омӯзгорони ояндаи информатика дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 5.3.10.3. Назария ва технологияи таълими информатика баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 735140, ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ, 67 шинос шудан мумкин аст.

