21-ноябри соли 2026, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-117 назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориљии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Муҳаммадиев 17/6, толори шурои олимон) ҳимояи диссертатсияи Бахтиёрзода Муслима Бахтиёр дар мавзуи “Категорияи тарз дар низоми шаклҳои тасрифӣ ва ғайритасрифии феъли забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ”, барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси 6D021300 – Забоншиносӣ (6D021310 – Забоншиносии типологӣ ва муқобилавӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДБЗХТ ба номи С. Улуғзода ва дар китобхонаи илмии ДБЗХТ ба номи С. Улуғзода бо нишонии 734019, ноҳияи Сино, кӯчаи Муҳаммадиев 17/6 шинос шудан мумкин аст.

