11-уми ноябри соли 2026, соати 10.00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-134 назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур (734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 146, маҷлисгоҳ, 114) ҳимояи ошкорои диссертатсияи Рӯзизода Акрам Ҳамроқул дар мавзуи “Ҷанбаҳои ташкилӣ-иқтисодии рушди соҳаи кишоварзии тамоми сол амалкунанда (дар асоси маводҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон)” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 5.2.6. Иқтисодиёти соҳаи кишоварзӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферат тавассути сомонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ, ки дар суроѓаи 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 146 шинос шудан мумкин аст.

