12 ноябри соли 2026, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-136 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17, толори шурои диссертатсионӣ) ҳимояи диссертатсияи Ҳакимзода Ҷумахон Немон дар мавзуи «Таъсири эффекти электронии аминокислотаҳои алифатӣ ба хосиятҳои протолитӣ ва комплексҳосилшавии онҳо бо ионҳои нуқра(I) дар маҳлулҳои обӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисоси 6D060600-«Химия» (6D060605-Химияи физикӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дар китобхонаи марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо нишонии 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.

