12 ноябри соли 2026, соати 15:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-136 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17, толори шурои диссертатсионӣ) ҳимояи диссертатсияи Султонзода Рухшона Султан дар мавзуи «Комплексҳосилкунии симоб (II) бо N – атсетилтиомочевина» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои химия аз рӯйи ихтисоси 1.4.2. Химияи ғайриорганикӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дар китобхонаи марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо нишонии 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.

