3-юми декабри соли 2026, соати 15:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-105-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Буни Хисорак, бинои таълимии № 17, синфхонаи 203) ҳимояи диссертатсияи Солиҳзода Диловари Имомалӣ дар мавзуи «Амсиласозии математикии динамикаи рушд ва маҳсулнокии мурғи марҷон» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 1.2. Илмҳои компютерӣ ва информатика (1.2.8. Моделсозии математикӣ, методҳои ададӣ ва комплекси барномаҳо) (соҳаи техникӣ) баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.

