24 ноябри соли 2026, соати 14:00 дар ҷаласаи шурои диссертатсионии 6D.КОА-024 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17) ҳимояи диссертатсияи Қодирзода Хушбахти Сафар дар мавзуи «Инъикоси таърихи империяи Ҳахоманишиён дар осори муҳаққиқон (нимаи дувуми асри ХХ – ибтидои асри XXI)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рӯйи ихтисоси 6.1.5. Таърихнигорӣ, маъхазшиносӣ ва методҳои таҳқиқоти таърихӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он дар сомонаи расмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дар китобхонаи марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (734025, ш. Душанбе хиёбони Рӯдакӣ, 17) шинос шудан мумкин аст.

