13- уми ноябри соли 2026, соати 09:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-125- и назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ, 67) ҳимояи такрории диссертатсияи Рафизода Саидбег Сами дар мавзуи «Таҳқиқи хосиятҳои гармофизикӣ, термодинамикӣ ва реологии гармибарандаҳои нанохокаи гидразин воридкардашуда» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 2.2. Астрофизика, физика, электроника, фотоника, таҷҳизотсозӣ ва алоқа (2.2.32. Физикаи гармо ва назарияи техникаи гармо) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 735140, ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ 67 шинос шудан мумкин аст.

