10 июни соли 2024, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-068 назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 121) ҳимояи диссертатсияи Умедҷони Лоиқшо дар мавзуи «Баррасии лингвистии диалектизмҳо дар осори Сорбон» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 10.02.01 – Забони тоҷикӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 121 шинос шудан мумкин аст.