19-декабри соли 2026, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-117-и назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Муҳаммадиев 17/6, толори шурои олимон) ҳимояи диссертатсияи Нигораи Сафаралӣ дар мавзуи “Майдони семантикии воҳидҳои забонии “ишқ” ва “вафо” дар забонҳои тоҷикӣ ва русӣ: ҷанбаҳои муқоисавӣ-типологӣ” барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси 6D021300 – Забоншиносӣ (6D021310 – Забоншиносии типологӣ ва муқобилавӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва дар китобхонаи илмии ДБЗХТ ба номи С. Улуғзода бо нишонии 734019, ноҳияи Сино, кӯчаи Муҳаммадиев 17/6 шинос шудан мумкин аст.

