04-декабри соли 2026, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-118 назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Муҳаммадиев 17/6, толори шурои олимон) ҳимояи диссертатсияи Асомиддинзода Шарофиддин дар мавзуи «Шакл, муҳтаво, мавзуъ ва хусусиятҳои бадеии ашъори Воқифи Лоҳурӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 6.2.15. Адабиёти тоҷик, равобити адабӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДБЗХТ ба номи С. Улуғзода ва дар китобхонаи илмии ДБЗХТ ба номи С. Улуғзода бо нишонии 734019, ноҳияи Сино, кӯчаи Муҳаммадиев 17/6 шинос шудан мумкин аст.

