7 –уми декабри соли 2026, соати 09:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-086 назди Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев (шаҳри Хоруғ, кӯчаи Ш.Шоҳтемур, толори шурои олимон) ҳимояи диссертатсияи Қурбонбеков Ҷамшед Шафтолиевич дар мавзуи «Омӯзиши экологӣ ва физиологии растаниҳои сӯзанбарг, муайян кардани механизми мутобиқшавии онҳо дар шароити баландкӯҳи Помир», барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои биология аз рӯйи ихтисосҳои1.5.12. Физиология ва биохимияи растаниҳо, 1.5.18. Ботаника, баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев ва китобхонаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев бо нишонии 736000, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хоруғ, кучаи Ш. Шоҳтемур, 109 шиноос шудан мумкин аст.
