5- уми декабри соли 2026, соати 11:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-048 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ, 67) ҳимояи диссертатсияи Ғуломов Суҳроб Рустамович дар мавзуи «Мазмун ва хусусиятҳои педагогии истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар таълими веб-дизайнерҳои оянда» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси 6D011100-Информатика (6D011102 - Назария ва технологияи таълими информатика (таҳсилоти касбӣ)) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 735140, ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ 67 шинос шудан мумкин аст.
