11 июни соли 2024, соати 14:00 дар Шурои диссертатсионии 6D. КОА – 027 назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ (шаҳри Душанбе, хиёбони академикҳо Раҷабовҳо 10А) ҳимояи дисертатсияи Муҳиддинова Рухшона Қутфиевна дар мавзӯи “Ташаккул ва рушди санъати боғу- боғсозӣ дар ҳудуди Тоҷикистон дар нимаи дуюми асри ХIХ – ибтидои асри ХХI (дар мисоли шаҳри Душанбе)” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади меъморӣ аз рӯи ихтисоси 05.23.20 – Назария ва таърихи меъморӣ, тармим ва бозсозии мероси таърихию меъморӣ баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва афтореферат дар сомонаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонаи 734042 шаҳри Душанбе, хиёбони академикҳо Раҷабовҳо, 10А шинос шудан мумкин аст.