14 июни соли 2024, соати 13:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-005 назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33) ҳимояи диссертатсияи Бобохоҷаева Гулҷаҳон Додарҷоновна дар мавзуи “Муҳоҷирати меҳнатии занон дар Тоҷикистон: тамоюлҳо, натиҷаҳо ва муносибат оид ба батанзимоварӣ” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сотсиологӣ аз рӯйи ихтисоси 22.00.03 – Сотсиологияи иқтисодӣ ва демография (илмҳои сотсиологӣ) баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат тавассути сомонаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дар китобхонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи Индира Гандӣ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33 шинос шудан мумкин аст.