15 июни соли 2024 соати 10.00 дар Шурои якдафъинаи назди Шурои муштараки диссертатсионии 6D.КОА-057 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ (Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯён, бинои таълимии №17, факултети геологияи ДМТ, ауд. 102) ҳимояи диссертатсияи Исмоилова Дилфуза Абдуалиевна дар мавзуи «Хусусиятҳои геоэкологии ноҳияи обанбори «Баҳри тоҷик» дар шароити табдили муҳандисию хоҷагӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), аз рўйи ихтисоси 6D091100 - Геоэкология ва идоракунии муҳити зист (илмҳои географӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.