18 июни соли 2024, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА – 008 назди МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» (ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31) ҳимояи диссертатсияи Музаффаров Шамшод Сабоҳатиллоевич дар мавзӯи «Ҳолати баъзе нишондодҳои гомеостаз дар кӯдакони навзоди гирифтори сироятҳои дохилибатнии махсус» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои тиб аз рӯйи ихтисоси 14.01.08 – Тибби атфол баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31 шинос шудан мумкин аст.