18 июни соли 2024, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-030 назди Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Адҳамов, 11/2, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Азиззода Рухсора Назир дар мавзуи «Асосҳои иҷтимоӣ-педагогии омода намудани писарҳо ба иҷрои вазифаи падарӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 13.00.05 – Назария, методика ва ташкили фаъолияти фарҳангӣ-иҷтимоӣ (13.00.05.03 – Педагогикаи иҷтимоӣ ва худшиносӣ) баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат дар сомонаи шурои диссертатсионӣ ва китобхонаи Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар суроғаи 734024, шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Адҳамов, 11/2 шинос шудан мумкин аст.