21 июни соли 2024, соати 13:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА – 008 назди МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» (ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31) ҳимояи диссертатсияи Холиқова Наргис Абдурашидовна дар мавзӯи «Таъсири табобати омехта ба нишондиҳандаҳои сохторӣ-функсионалии дил дар беморони калонсоли гирифтори бемории фишорбаландӣ бо депрессияи ҳамроҳшуда» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои тиб аз рӯйи ихтисоси 14.01.04 – Бемориҳои дарунӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31 шинос шудан мумкин аст.