26 июни соли 2024, соати 15:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-068 назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 121) ҳимояи диссертатсияи Сатторов Нурали Саидалиевич дар мавзуи « Нақши воҳидҳои лексикии забони арабӣ дар калимасозии забони тоҷикӣ (дар асоси маводи ҷилдҳои 3 ва 4-и «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 10.02.01 – Забони тоҷикӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121, шинос шудан мумкин аст.