25 июни соли 2024, соати 13:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА – 053 назди МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» (ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31) ҳимояи диссертатсияи Артикова Нигина Каримҷоновна дар мавзуи «Хусусиятҳои табобати бемориҳои ковокии даҳон дар заминаи сирояти вирусӣ дар беморони дорои конструксияҳои ортопедӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои тиб аз рӯйи ихтисоси 14.01.14 – Стоматология баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31 шинос шудан мумкин аст.