28 июни соли 2024, соати 15:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-035 назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ( ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Асомиддини Абдулмумин дар мавзуи «Таърихнигории ҷанги шаҳрвандӣ ва сулҳи тоҷикон (солҳои 1992 – 2000)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рӯйи ихтисоси 07.00.00 – Илмҳои таърихӣ ва бостоншиносӣ (07.00.09 – Таърихнигорӣ, маъхазшиносӣ ва методҳои таҳқиқоти таърихӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дар китобхонаи Марказии илмии АМИТ бо нишонии 734025 ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ, 33 шинос шудан мумкин аст.