05 июли соли 2024, соати 14:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-011 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Буни-Ҳисорак, бинои таълимии №17, ҳуҷраи 216) ҳимояи Раҳматов Ҷамшед Шавкатович дар мавзӯи «Ба назарияи муодилаҳои ғайри саҳеҳ ва стохастикӣ ва истифодаи онҳо» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои физикаю математика аз рӯйи ихтисоси 01.01.02 – Муодилаҳои дифференсиалӣ, системаҳои динамикӣ ва идоракунии оптималӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.