09 июли соли 2024, соати 11:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-004 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (734025, ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, шаҳраки Донишҷӯён, бинои таълимии 8, синф. 102) ҳимояи диссертатсияи Гулзода Фаррух Маҳмадшо дар мавзуи «Механизми ташкилию ҳуқуқии ҳавасмандгардонии содирот дар шароити узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмони умумиҷаҳонии савдо» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисоси 6D051300 – Иқтисодиёти ҷаҳонӣ (6D051301 - Иқтисодиёти ҷаҳонӣ) баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо нишонии 734025, ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.