20 августи соли 2024 соати 10.00 дар Шурои якдафъинаи назди Шурои муштараки диссертатсионии 6D.КОА-057 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ (ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 267) ҳимояи диссертатсияи Файзиев Фотеҳ Абдувакилович дар мавзуи «Навъҳои форматсияи маъданӣ, минералогия, қонуниятҳои ҷойгиршавӣ ва генезиси конҳои нуқра ва нуқрадори Тоҷикистони Шимолӣ ва Марказӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои геология ва минералогия аз рўйи ихтисоси 25.00.11 - Геология, ҷустуҷӯ ва иктишофи канданиҳои фоиданоки сахт, минерагения баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.