13 июли соли 2024, соати 10:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА – 031 назди МДТ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31) ҳимояи диссертатсияи Пӯлотзода Илҳом Пӯлот дар мавзӯи «Мониторинги истифодабарии доруҳои зиддимикробӣ дар беморхонаҳои серсоҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои фарматсевтӣ аз рӯйи ихтисоси 14.04.03 – Ташкили фаъолияти фарматсевтӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31 шинос шудан мумкин аст.