16 сентябри соли 2024, соати 14:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-041, назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ҳимояи диссертатсияи Шарипов Сафарбой Муродалиевич дар мавзӯи «Таъсири нанозаррачаҳо (дуда, нанонайчаҳои карбонӣ) ба тағйирёбии гармигузаронӣ ва гармиғунҷоиши метилбутилкетон дар фазаи гузариш ва параметрҳои гуногуни ҳолат» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 01.04.14 - Физикаи ҳарорат ва назарияи техникаи гармо баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он дар сомонаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734042, ш. Душанбе, хиёбони академикҳо Раҷабовҳо, 10а шинос шудан мумкин аст.
*Дар мувофиқа бо КОА санаи ҳимоя ба 18 ноябри соли 2024, соати 14:00 гузаронида шудааст. (№04/785, аз 18.10.2024)