17 сентябри соли 2024, соати 13:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА – 008 назди МДТ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31) ҳимояи диссертатсияи Ҳиммат Муҳаммад Ёсин дар мавзӯи «Таъсири маводҳои фишорпасткунанда ба сохтори функсионалии меъдачаи чап ва вариабелноки ритми дил дар беморони фишорбаландии шараёнии шахсони калонсол» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси 6D110104 – Бемориҳои дарунӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31 шинос шудан мумкин аст.