12 сентябри соли 2024, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-030 назди Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Адҳамов, 11/2, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Мансурова Дилрабо Қодирҷоновна дар мавзуи «Шароитҳои педагогии рушди салоҳиятҳои маърифатӣ-эҷодии кӯдакони синни калони томактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 13.00.06 – Назария ва методикаи тарбия (13.00.06.01 – Назария ва методикаи тарбияи томактабӣ) баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат дар сомонаи шурои диссертатсионӣ ва китобхонаи Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар суроғаи 734024, шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Адҳамов, 11/2 шинос шудан мумкин аст.