21-уми сентябри соли 2024, соати 09:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-048 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ, 67) ҳимояи диссертатсияи Шарипов Қаҳрамон Баҳромович дар мавзуи «Асосҳои методии арзёбии раванди омӯзиши методикаи таълими математика дар шароити низоми кредитии таҳсилоти олии педагогӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.08- Назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ (13.00.08.03- Назария ва методикаи фанҳои математикӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва дар китобхонаи донигоҳ бо нишонии 735140, ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ 67 шинос шудан мумкин аст.