07 сентябри соли 2024, соати 9:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-004 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ( ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, шаҳраки Донишҷӯён, бинои таълимии 8, синф. 102) ҳимояи диссертатсияи Маҳмадуллоев Аҳмадҷон Саидҷонович дар мавзуи «Инкишофи шаклҳои шарикии стратегӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ (дар мисоли бахши саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон)» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўйи ихтисоси 6D050700 - Менеҷмент (6D050701 - Менеҷмент) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.