25 сентябри соли 2024, соати 13:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-015 дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҳимояи диссертатсияи Зияева Манижа Давроновна дар мавзӯи «Ташаккули механизми таъминоти сармоягузории сохторҳои соҳибкорӣ дар саноати Тоҷикистон: назария, методология, амалия» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 08.00.04 - Иқтисодиёти соҳавӣ (08.00.04.01 -Иқтисодиёти саноат ва энергетика) баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат дар сомонаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734042 ш. Душанбе, хиёбони академкҳо Раджабовҳо, 10 шинос шудан мумкин аст.