23 сентябри соли 2024, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-068 назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 121) ҳимояи диссертатсияи Ҳасанова Саодат Раҷабалиевна дар мавзуи «Таҳлили луғавию грамматикии истилоҳоти бофандагӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ (бар мабнои маводи фарҳангҳо ва осори илмию адабӣ)» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D021300 – Забоншиносӣ (6D021302 – Забоншиносии муқоисавӣ таърихӣ, қиёсӣ ва муқоисавӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 121 шинос шудан мумкин аст.