18-уми сентябри соли 2024, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-069 назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 121, толорои шурои олимони факултети филологияи тоҷик) ҳимояи диссертатсияи Салҷуқӣ Муҳаммад Қосим дар мавзуи «Таҳқиқи қиёсии ҷанбаҳои ҳунарӣ ва иҷтимоӣ дар ашъори Лоиқ Шералӣ ва Латиф Нозимӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 10.01.04 – Таърихи адабиёт, равобити адабӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 121 шинос шудан мумкин аст.