7 октябри соли 2024, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-068 назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 121) ҳимояи диссертатсияи Сафаров Аскарҷон Шарифович дар мавзуи «Хусусиятҳои лингвистии истилоҳоти сайёҳии забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 10.02.20 – забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ, қиёсӣ ва муқоисавӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 121 шинос шудан мумкин аст.