18-уми сентябри соли 2024, соати 15:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-069 назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 121, толорои шурои олимони факултети филологияи тоҷик) ҳимояи диссертатсияи Мирзо Муҳаммад Рустоӣ дар мавзуи «Сайид Нодиршоҳи Каёнӣ ва эҷодиёти ӯ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 10.01.04 – Таърихи адабиёт, равобити адабӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 121 шинос шудан мумкин аст.