29 октябри соли 2024, соати 10:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-018 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 11, толори Шурои диссертатсионии факултети ҳуқуқшиносӣ) ҳимояи диссертатсияи Мирзозода Шаҳло Ҷума дар мавзуи «Масъалаҳои назариявии маромнокии рафтори ҳуқуқии инсон» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 12.00.01– Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот дар бораи ҳуқуқ ва давлат баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 17 шинос шудан мумкин аст.