19 сентябри соли 2024, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D. КОА-010 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рўдакӣ, 17, маҷлисгоҳи шурои диссертатсионӣ) ҳимояи диссертатсияи Қудратуллоев Ёқуб Қудратуллоевич дар мавзуи «Комплексҳосилкунии нуқра (I) бо тиопирин ва N,N'-диэтилтиомочевина дар маҳлулҳои обӣ ва обӣ-органикӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои химия аз рӯи ихтисоси 02.00.01- Химияи ғайриорганикӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи миллии Точикистон ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.