12 сентябри соли 2024, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-021-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, Буни Ҳисорак, бинои таълимии №10, ошёнаи 1, толори Шарифҷон Ҳусейнзода) ҳимояи диссертатсияи Файзова Таҳмина Иззатуллоевна дар мавзуи «Таҳлили семантикӣ-коммуникативии воҳидҳои одоби муҳоварат дар асари бадеӣ (дар заминаи осори бадеии Фазлиддин Муҳаммадиев)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илми филология аз рӯйи ихтисоси 10.02.01 – Забони тоҷикӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.