14 сентябри соли 2024, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-021-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, Буни Ҳисорак, бинои таълимии №10, ошёнаи 1, толори Шарифҷон Ҳусейнзода) ҳимояи диссертатсияи Ҳусайнова Фарида Бозоровна дар мавзуи «Категорияи шахсу шумораи феъли забони тоҷикӣ ва воситаҳои ифодаи он дар забони англисӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D021300 – Забоншиносӣ (6D021302 – Забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ, қиёсӣ ва муқоисавӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.