14 сентябри соли 2024, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D.KOA-065 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур (х. Рӯдакӣ, 146, зали Шурои олимон) ҳимояи диссертатсияи Кулиев Қудратулло Ҳабибуллоевич дар мавзуи “Таъсири нуриҳои органикӣ ва маъданӣ ба сифати бехпиёз дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон” барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) –доктор аз рӯйи ихтисоси 6D080101 – Зироаткории умумӣ, растанипарварӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 146 шинос шудан мумкин аст.