12 октябри соли 2024, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-040 назди МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино" (ш. Душанбе, ноњияи Сино, кӯчаи Сино 29-31) ҳимояи диссертатсияи Ризоев Ватаншо Сайфович дар мавзӯи «Оптимизатсияи усулҳои ташхис ва муолиҷаи эхинококкози узвҳои ковокии шикам» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои тиб аз рӯйи ихтисоси 14.01.17 – Ҷарроҳӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино" ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31 шинос шудан мумкин аст.