26 октябри соли 2024, соати 9:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-004 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, шаҳраки Донишҷӯён, бинои таълимии 8, синф. 102) ҳимояи диссертатсияи Мирбобоев Раҳматуло Мадаюбович дар мавзуи «Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар равандҳои ҳамгироии минтақавӣ ба манфиати рушди динамикии иқтисодиёти миллӣ», барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.13 – Иқтисодиёти ҷаҳонӣ баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.