20 сентябри соли 2024, соати 14:00 дар шурои диссертатсионии 6D.KOA-043 назди Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи М. Мастонгулов, 3, толори Шурои диссертатсионӣ) ҳимояи такрории диссертатсияи Буриев Диловар Абдусалимович дар мавзуи «Проблемаҳои назария ва амалияи таҳқиқоти криминалистии дастнависҳое, ки бо забони тоҷикӣ анҷом дода шудаанд» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯи ихтисоси 12.00.12 – Криминалистика; фаъолияти судӣ-экспертӣ; фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар китобхонаи академия бо нишонии 734012, ш. Душанбе, кӯчаи М. Мастонгулов, 3 шинос шудан мумкин аст.