05 октябри соли 2024, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА – 053 назди МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» (ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31) ҳимояи диссертатсияи Саъдуллозода Тоҳир Саъдулло дар мавзуи “Ҷанбаҳои иҷтимоию беҳдоштии беморӣ ва роҳҳои баланд бардоштани самаранокии тавонбахшии тиббию иҷтимоии беморони гирифтори диабети қанди навъи 2 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои тиб аз рӯйи ихтисоси 14.02.03 – Сиҳатии ҷомеа ва тандурустӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31 шинос шудан мумкин аст.
*Дар мувофиқа бо КОА санаи ҳимоя ба 09 ноябри соли 2024, соати 10:00 гузаронида шудааст. (№05/781, аз 17.10.2024)