20 декабри соли 2024, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D.KOA-059 назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Бофанда, 5/2, толори ҷаласаҳои шурои диссертатсионӣ) ҳимояи диссертатсияи Кодиров Анвар Саидкулович дар мавзуи «Қонуниятҳои трансформатсияи гидрообъектҳои захираҳои обии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим» оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 25.00.27 - Гидрологияи хушкӣ, захираҳои обӣ, гидрохимия баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ ва дар китобхонаи институт бо нишонии 734025, ш.Душанбе, к.Бофанда, 5/2 шинос шудан мумкин аст.