23 -юми ноябри соли 2024, соати 13:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-036 назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (шаҳри Душанбе, кӯчаи Муҳаммадиев, 17/6) ҳимояи ошкорои Ҳамроев Қурбоназар Маҳмарасулович дар мавзуи «Таҳлили луғавӣ-грамматикии истилоҳоти маориф дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D021300 – Забоншиносӣ (6D021302– Забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ, қиёсӣ ва муқоисавӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДБЗХТ ба номи С. Улуғзода ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734019, шаҳри Душанбе, кӯчаи Муҳаммадиев, 17/6 шинос шудан мумкин аст.