27 ноябри соли 2024, соати 13:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-037 назди МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров» (ш. Хуҷанд, кӯчаи Мавлонбеков 1) ҳимояи диссертатсияи Султонзода Гулбаҳор Абдувайит дар мавзуи «Маҷмаъ-ул-фурс»-и Муҳаммадқосим Сурурии Кошонӣ ва масоили маърифат, нақду тасҳеҳи мутуни адабии асрҳои X-XI» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 10.01.00 – Адабиётшиносӣ (10.01.08 – Назарияи адабиёт. Матншиносӣ, нусхашиносӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишонии 735700, ш. Хуҷанд, кӯчаи И. Сомонӣ 224 шинос шудан мумкин аст.